Чангкашак

Марде аз ҷойи кор ба занаш телефон карда мепурсад:

– Дар куҷоӣ, занак?

– Дар хона!

– Дар хона бошӣ, чангкашакро мон, овозашро шунавам!

Зан зуд чангкашакро мемонад. Ин ҳолат чанд рӯз давом мекунад.

Як рӯз мард барвақттар аз кор меояд, ки занаш дар хона нест. Аз писараш мепурсад:

– Очаат канӣ?

Писараш ҷавоб медиҳад:

– Намедонам, чанд рӯз боз ҳамроҳаш чангкашакро гирифта, ба куҷое меравад.