Дар хона нишаста будам, ки бонуе занг зада гуфт:
–Ба ман занг занед, каме сӯҳбат кунем.
–Бахшиш, – гуфтам, – занг зада наметавонам. Ман дар назди як одами бузург нишастаам.
–Вай кадом одами бузург будааст, ки дар назди ӯ бо ман гап зада наметавонед?, -ҳайрон шуда пурсид.
Оҳиста гуфтам:
– Очаи бачаҳо.
Холиқназар Ҷумъазода