Бандаи пул – шеъри ҳаҷвӣ

Бандаи пул - шеъри ҳаҷвӣ

Ман бандаи яктои пул,
Афтодаам дар пои пул.

Ҷоям агап ҷӯё шавӣ,
Ёбӣ маро аз ҷойи пул.

Рӯз аз пайи симу зарам,
Шаб то саҳар шайдои пул.

Дунёпарастӣ айб нест,
Дунёи ман дунёи пул.

Пул оқибат аз даст рафт,
Гӯям кунун, э войи пул.

Хуллас, зи ман ибрат гиред,
Охир шудам расвои пул.

У.Олим