Бо бонуе барои шикастани гуруснагӣ ба тарабхона рафтем

Бо бонуе барои шикастани гуруснагӣ ба тарабхона рафтем. Чун ҳуҷраҳои алоҳида ҳама банд буданд, ноилоҷ дар толори калон нишаста, хӯрок хӯрдем ва пулро ҳисобӣ карда баромадем. Вақте аз дар баромадем, афсӯсхӯрона гуфтам:

–Сӯхтам, сӯхтам. Сахт сӯхтам.

–Чаро сӯхтед? Қимат буд ё таомҳо маъқул нашуданд?, -ҳайрон шуда пурсид.

–Нарх ҳам хуб буду таом ҳам хуб, вале ман сӯхтам, сахт сӯхтам, гуфтам бо такрор.

–Чӣ хел сӯхтед? Ман чизеро нафаҳмидам,-пурсид боз.

–Сӯхтам, сӯхтам, – гуфтам. – Дар ҷое нишастем, ки як бӯса ҳам гирифта нашуд.

Қоҳ-қоҳ хандиду гуфт:

–Садқаи бӯсаи сӯхтагӣ кунадтон.

Аз маҷаллаи Хорпуштак