АЗИЗАКАМ…

Соҳибҷамоле ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:

-Барои тасаллои дил, аққалан боре ба ман, “Азизакам” гуфта муросо кун.

Ҷавон бо ғурур ҳавобаландона мегӯяд:

-Эҳ, ҳа-а-а! Ман то ба ҳол, боре ҳамсари худро “Азизакам” нагуфтааму…

-Эҳ, ҳа-а-а! Чӣ ту зан дорӣ?-мегӯяду бо мушти обдоре бар сари ҷавон мезанад.

Ҷавон аз ҳуш рафта мегӯяд:

-Азизакам, ту аз зани дуюмам ҳам боқувваттар будаӣ…