
Нависанда деҳқонест, ки дар панҷ-шаш моҳ ҳосил мекорад. Мунаққид комбайнест, ки дар ду-се соат онро даравида мепартояд.
Азбаски шамъу парвонагӯӣ дар адабиёт аз ҳадди эътидол гузашт, чароғи барқиро офариданд.
Ҳоло ҳаҷми асари адибро на илҳом, балки эҳтиёҷи иқтисодиаш муайян мекунад.
Аз эроди мунаққид: -Суханонаш бисёр урёнанд. Гӯё ки аз ҳаммом репортаж бурда истода бошад.
Борони сел борида, киштаҳоро хароб кард. Муаллифи “Рез, борони фаровон”-ро ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Ба ҳикоя касе бовар накард. Маҷбур шуд, ки худро афсона муаррифӣ кунад.
Маслиҳат ба муаллифон: -Ба навиштаҳоятон бисёртар аломати хитоб монед, то хонандаатонро хоб набарад.
Абдурауф Муродӣ