Афандӣ халта бардошта мерафт, ки як туда бачаҳо аз пеш баромада:
– Амак, чӣ бардошта меравед? – гуфта пурсиданд.
– Ёбед, – гуфт Афандӣ.
– Агар ёбем, чӣ медиҳед? – пурсиданд бачаҳо.
– Яктогӣ чормағз – гуфт Афандӣ.
– Дар халтаатон чормағз, – гуфтанд бачаҳо.
Афандӣ ҳайрон шуда:
– Э, кадом бадбахт инро ба шумо хабар дод? – гуфт.