Бар занам гуфтам: -Ало, ширини ман!
Гуфт: -Андар хона қурсу қанд нест!
Гуфтамаш: -Банди гули рӯи туям,
Гуфт: -Шохи говамонро банд нест!
Гуфтамаш: -Ҷононаи фарбеҳакам!
Гуфт: -Рӯған шуд тамом, рӯған биёр!
Гуфтамаш: -Ҷонам шавӣ, эй мурғакам!
Гуфт: -Баҳри чӯҷаҳо арзан биёр!
Гуфтамаш: -Обу адои ту шудам.
Гуфт: -Рав, полизро шодоб кун!
Гуфтамаш: -Сар пеши поят мениҳам,
Гуфт: -Бар поям калӯш дарёб кун!
Гуфтамаш: -Чун як хасеям пеши ту.
Гуфт: – Кахдон сахт мӯҳтоҷи хас аст.
Гуфтамаш: – Ман номурод аз лутфи ту.
Гуфт: -Худ ҳастӣ Муродӣ, ин бас аст!
Абдурауф МУРОДӢ