Ака, барои шоколад аз модарам пул гирифта диҳед

Аҳмад ба акааш гуфт:

— Ака, барои шоколад аз модарам пул гирифта диҳед.

— Худат пурсӣ намешавад? Ӯ модари ту ҳам ҳаст-ку!

— Ҳамин тавр, лекин шумо аз ман пештар бо он кас шинос шудагӣ ҳастед.