АГАР ДУНЁ ДИГАР ГАРДАД… – ШЕЪРИ ҲАҶВӢ

АГАР ДУНЁ ДИГАР ГАРДАД... - ШЕЪРИ ҲАҶВӢ

Агар дунё дигар гардад, туро ман дӯст медорам,
Ҳама хуни ҷигар гардад, туро ман дӯст медорам.

Ту яктои манӣ, эй май тасаллои манӣ, эй май,
Занам гар пушти дар гардад, туро ман дӯст медорам.

Азизи ҷони ман бошӣ, сафои хони ман бошӣ,
Чу поям пеши ҷар гардад, туро ман дӯст медорам.

Саҳар шуд иштиҳоям нест, ҷуз нӯшиданат, эй ҷон,
Либосам ҷулли хар гардад, туро ман дӯст медорам.

Набошӣ гар набошам ман, ту сабзию чу ошам ман,
Ҷаҳон гар дарди сар гардад, туро ман дӯст медорам.