Афанди точики 2022 – Шакарханд #9

Латифа, афанди точики 2022, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ


Афанди точики 2022 - Шакарханд #9
Аз маҷаллаи Хорпуштак, Корманди БДА

— Занҳо фақат дар як вақт ба гапи шавҳарашон батамом диққат медиҳанд.
— Дар кадом вақт?
— Вақте, ки шавҳар дар хобаш гап мезанад.

🤣 🤣 🤣

— Чикораӣ?
— Бекорчӣ.
— Сароянда шав, набошад.
— Не-е, то ин дараҷа бекор нестам.

🤣 🤣 🤣

– Ҷӯра, ба ман камтар пул қарз дода исто.
– Пулро чӣ кор мекунӣ?
– Ҳмм, забонам шикастааст, гипс карданам даркор.

🤣 🤣 🤣

Як шаб Афандӣ дар кӯча мегашт, ки миршаб пеши роҳашро дошта гуфт:
— Ними шаб дар кӯча чӣ кор карда гаштӣ?
Афандӣ гуфт:
— Хобам гурехт, ҳамонро ҷуста гаштаям.

😂 😂 😂

— Аз орзуҳои бачагият ягонтоаш амалӣ гаштааст?
— Бале. Вақти кӯдакиям касе аз мӯям мекашид, кал шуданро орзу мекардам.

😄 😄 😄

Судя:
— Шумо бегуноҳ будани худро исбот карда метавонед?
— Ҳа, фақат ба ман мӯҳлат диҳед.
— Албатта, ман ба шумо панҷ сол мӯҳлат медиҳам.

🤣 🤣 🤣

— Ҳазрат, агар шабона аз рӯи занам нур борад, ин чӣ маъно дорад?
— Шогирд, ин маънои онро дорад, ки занат телефони туро мекобад.

🤣 🤣 🤣

Зан:
– Кӣ маро ба шумо тавсия карда буд?
Шавҳар:
– Намедонам, душманҳоям зиёд буданд.

😁 😁 😁

Афандӣ лаб-лаби дарёе мерафт, ки ногоҳ лағжида ба об афтод. Ҳарчанд кӯшиш кард, баромада натавонист. Дид, ки моҳие шино мекунад, онро дошта ба хушкӣ гузошт ва гуфт:
— Ман-ку ҳалок мешавам, ақаллан ту зинда мон.

🤣 🤣 🤣

Ҳуруфчине ба назди духтури дандон рафт. Духтур гуфт:
— “А” гӯед.
— “А”-и калон ё “а”-и хурд?