Зане ба шавҳари хасисаш гуфт:

Зане ба шавҳари хасисаш гуфт:

ДАСТАИ ГУЛ

Зане ба шавҳари хасисаш гуфт:

— Мебахшӣ, аз ту дилам монда истодааст.

— Туро кадом пашша газид, ки ин тавр мегўӣ? – пурсид мард ҳайрон шуда.

— Баъди ҳамхона шуданамон ягон бор ҳам дастаи гул тақдим накардӣ. Ба фикрам, мемураму гулдастаро намебинам.

— Зиқ нашав, азизам! – гуфт мард. — Агар мурӣ, ба рӯйи қабрат об пошида меистам, ки лолахасак барояд.

Сафо ҲАЛИМӢ