Занам ду ҳалқаи заррин ба хона овард ….

ДУ “ВОҲ”

Занам ду ҳалқаи заррин ба хона овард ва гуфт:

– Инҳо аз они дугонаам. Мефурӯхтааст. Мехаред барои ман?

Ба якумаш ишора кардам:

– Ин чанд пул будааст?

– Як миллион сӯм, – оромакак ҷавоб дод занам.

– Воҳ! – беихтиёр нидо дардодам ман.

Нархи ҳалқаи дуюмро пурсидам.

– «Ду воҳ», – ҷавоб дод занам.