Шакарханд #3 — латифа ва афандихо

Латифа, афанди точики, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ

Шакарханд #3 — латифа ва афандихо


Шавҳар маст ба хона меояд. Занаш ҷорубро гирифта, ӯро латукӯб мекунад. Зан латукӯбкунон:
– Боз менушӣ, ман ба ту мегӯям боз менушӣ?!
Шавҳар:
– Майлаш, рез.


Суҳбати набера бо бибӣ:
– Бибиҷон, шумо дандон доред?
– Не, надорам.
– Ин тавр бошад, ана ин себро дошта истед, ҳозир ман меоям.


– Алло, Шумо роҳбари синфи панҷи “Б”? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад.
– Кӣ гап мезанад?
– Падари ман.


Муаллим фанни “Ҷуғрофия” аз Шариф пурсид:
– Ту гӯй, ки хурдтарин нуқтаи Замин куҷост?
– Хонаи мо, – ҷавоб дод Шариф.


Карим хурсанд назди падараш омаду гуфт:
– Медонед дада, ман имрӯз баҳои “5” гирифтам.
– Аз кадом фан, ҷони дада?
– Аз табиатшиносӣ “2”, аз таърих “3” гирифтам. Ҷамъаш “5” мешавад.


Азимҷон аз хоҳарчааш Меҳрангез пурсид:
– Хоҳарҷон, ту чӣ гуна ҳайвонҳои ваҳширо дӯст медорӣ?
– Ҳайвонҳоеро, ки дар китоб тасвир шудаанд.
– Чаро? – бо тааҷҷуб пурсид Азимҷон.
– Чунки онҳо ба ман ҳамла карда наметавонанд.