Шакарханд #2 — афанди точики хандаовар

Шакарханд #2 — афанди точики хандаовар

Талабае аз ҷӯрааш, ки дар назди дарахте нишаста, чизеро мекофт, пурсид:
– Ҳошим дар он ҷо чӣ кор мекунӣ?
– Муаллими математика ёфтани решаро супориш доданд. Барои ҳамин решаи дарахтро мекобам.


Марде аз бом афтоду пояш шикаст. Ҳар кӣ ба диданаш меомад, қисса мепурсид. Аз нақл ниҳоят хаста шуду ҳодисаро ба коғазе навишт ва ҳар кӣ меомаду мепурсид, хомӯшона он коғазро ба ӯ медод.


Шахсе бо дӯсте гуфт, ки:
– Маро чашм дард мекунад, тадбир чӣ бошад?
Гуфт:
– Маро порсол дандон дард мекард, баркандам.


Дар таваллудхона ҳамшираи шафқат аз ҳамкораш мепурсад:
– Ин садои баланди доду фиғони ҳамон чоргонаи дирӯз ба дунёомадааст?
– Не, ин падари онҳост, ки аз дасти пултақсимкунӣ дод мегӯяд.


– Духтурҷон, росташро гӯед, ҳамин алафҳое, ки Шумо дору гуфта мефурӯшед, ягон манфиат меоранд?
– Набошад-чӣ! Масалан, як ҳафта қабл ба писарам охирин тамғаи мошини хориҷиро харидам, барои духтарам бошад роҳхат ба Париж…


– Духтурҷон, ман мемурам. Ба ман ёрӣ медиҳед?
– Ҳатман, чаро не? Ин аз кисаи Шумо вобастагӣ дорад.


– Ба андешаи ман имрӯз сулфазании Шумо беҳтар шудааст.
– Бале духтурҷон, ман шаби дароз машқ кардам.


– Духтурҷон, ягон умеди зинда мондани ман ҳаст?
– Умед-ку ҳаст, аммо шонс надорӣ ҷӯра, шонс.


Ду рафиқ:
– Ба кадом донишгоҳ дохил шуданиӣ?
– Ба донишгоҳи тиббӣ.
– Зӯр-ку! Ман бошам, ҳуҷҷатҳоямро аллакай ба донишкадаи байторӣ супоридам. Вақте диплом гирифтем, якдигарамонро бемалол муолиҷа кардан мегирем, чӣ гуфтӣ?