Шакарханд #1 – афанди точики

Аз ин пас дар барчаспи Шакарханд 3-4 латифаи кутоҳро якҷоя карда нашр мекунем. Бо мо бошед – афанди точики, латифаҳои тоҷикӣ, латифа точики

Шакарханд #1 - афанди точики Рӯзе зан фарёдкунон ба назди шавҳараш омада гуфт:
– Мардак маро мор газид!
Шавҳараш бепарвоёна гуфт:
– Мори бечора мурдмӣ?


Марде ба арақнӯш панд медод:
– Касе, ки арақ нанӯшад, умри дароз мебинад.
Арақнӯш:
– Дуруст мегӯӣ, се рӯз арақ нанӯшидам, се рӯз чун се сол гузашт.


Бачае баъд аз рӯзи аввали мактаб рафтан ба модараш гуфт:
– Ман дубора ба мактаб намеравам.
– Чаро? – пурсид модараш.
– Чунки хонда наметавонам, навишта наметавонам ва муаллим ҳам иҷозат намедиҳад, ки гап занам.