Марде аз кӯча мегузашт. Ногоҳ …

Марде аз кӯча мегузашт. Ногоҳ оинаи хурдеро дид, ки дар миёни кӯча аз нури офтоб ҷило медод. Вай оиначаро ба даст гирифт. Ба он нигаристу акси худро дид. Дасту по гум карда:

– Бубахшед, ҷаноб, ин аз они шумо будааст, – гуфт ва оиначаро ба ҷояш гузошта роҳашро давом дод.