Аз суҳбати дугонаҳо – латифахои точики

Аз суҳбати дугонаҳо - латифахои точики

АЗ СӮҲБАТИ ДУГОНАҲО

– Дугона, чаро хӯрокатро дар кӯча мехӯрӣ?

– Э дугонаҷон, дар хонаамон камера гузоштагӣ.


– Дугона, дар ин ҳавои гарм, дар пеши дарвоза чӣ мекунӣ?

– Э дугонаҷон, келин ҳоло хоб. Дар ҳавлӣ ҷунбуҷӯл карда, вайро бедор накунам.


– Дугона, чаро духтарат кӯдак надорад?

– Вай намехоҳад “фигурааш” вайрон шавад.


– Дугона, духтарат ба одам салом намедиҳад.

– Шавҳараш мудири фирма шудааст.


– Дугонаҷон, чаро ин қадар дегу табақ, асбоби рӯзгорро харид кардӣ?

– Э дугонаҷон, шаб келин рӯзгорро ҷудо мекунем гуфт.


– Дугонаҷон, вай ҷавонписаронро бин, ки дар тан либосҳои аҷиб доранд. Бо майкаи сафед шими илма тешукро пӯшидаанд.

– Дугона, онҳо яктеш домодам, дуюмаш духтарам аст.


– Дугонаҷон, ман кори ҳамкасбамро чӣ хел гирифтанро надонисем.

– Ту ба дугонаат маслиҳат дода, ба хориҷа фиристон.

Хосият Норова