Афандӣ дониши писарашро аз фанни математика санҷиданӣ шуд …

Афандӣ дониши писарашро аз фанни математика санҷиданӣ шуд ...

Рӯзе Афандӣ дониши писарашро аз фанни математика санҷиданӣ шуд. Ба ӯ чунин савол дод:

– Писарам, ту гӯй, ки агар аз чор чорро тарҳ кунем, чанд боқӣ мемонад?

Писари Афандӣ ба савол ҷавоб дода натавониста, хомӯш монд. Афандӣ саволро такрор кард. Писар ба падар нигоҳ карда гуфт:

– Дада, саволи одитару фаҳмотар диҳед.

– Хуб писарам, – гуфт Афандӣ, – фарз кардем, ки дар кисаат ба миқдори 40 сӯм танга буд. Аммо кисаат сӯрох шуду ҳамаи тангаҳо гум шуданд, дар натиҷа дар кисаат чанд сӯм боқӣ монд?

Писари Афандӣ гуфт:

– Охир, ҳамон сӯрохии танга афтодагӣ боқӣ монд-дия.